TJK

МАРКАЗИ ТИББИИ ОРТОПЕДИЯИ МУОСИР

Дар бораи мо

МАРКАЗИ ТИББИИ “ОРТОПЕДИЯИ МУОСИР”

Маркази тиббии “Ортопедияи муосир” фаъолияти худро дар асоси донишу технологияи навтарини тиббӣ ба роҳ мондааст. Маркази мо машварат, муоина ва табобати бемориҳои осебшиносӣ ва ортопедиро бо сифати баланд анҷом дода, дар ин самт бо табибони баландихтисоси дохиливу хориҷӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Табибони мо бо ҳар як бемор муносибати махсус намуда, муоинаи дуруст, машваратҳои муфид ва табобати сатҳи олӣ мекунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо шарикони худ машварат карда, муоинаву табобатро ба меъёрҳои тиббии ҷаҳонӣ мувоффиқ месозанд.


Таҷҳизоти навтарини тиббӣ ва усулҳои муосири муоинаву табобат

Дар маркази мо таҷҳизоти навтарини соҳаи ортопедия ва осебшиносӣ вуҷуд доранд. Ба воситаи ин таҷҳизот табибони мо муоинаи дуруст намуда, диагнози дақиқ медиҳанд ва дар асоси он бо усулҳои замонавии бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ табобатро ба роҳ мемонанд. Шароити будубош ва истироҳат фароҳам оварда шудааст.


Омӯзиши пайвастаи табибон ва омодасозии кадрҳои нав

Барои нигоҳ доштани сатҳи баланди тахассусии худ, табибони мо ҳамеша ба омӯзиш машғул ҳастанд ва аз навовариҳои соҳаи тиб дар сатҳи ҷаҳонӣ саривақт огоҳ мешаванд. Илова бар ин, барои дастгирии ҷавонон ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб, маркази мо коромӯзонро аз донишгоҳу колеҷҳои кишвар қабул мекунад.


Ҳамкорӣ бо табибони дохиливу хориҷӣ

Маркази мо бо беморхорнаҳо ва табибони чандин давлати дигар алоқаи илмиву амалӣ дорад. Беморон метавонанд дар ин ҷо аз табибони кишварҳои Ҳиндустон, Русия, Олмон, Туркия ва ғайра машварат гиранд. Баъдан, метавонанд дар маркази мо табобати сатҳи баланд гиранд ва ё дар ҳолати зарурӣ ба Ҳиндустон ба беморҳонаҳои шарикони мо равона карда шаванд.